19 апрели соли 2023 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо даъвати Раиси фраксияи ҳизби Иттиҳоди масеҳӣ-демократӣ (CDU) дар Берлин, аъзои палатаи намояндагон, Кай Вегнер дар ифтори анъанавӣ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон иштирок намуд.
Дар чорабинӣ доираҳои сиёсӣ, роҳбарони корпуси дипломатии муқими Берлин, намояндагони васоити ахбори омма, иттиҳодияҳо ва ҷомеаҳои динӣ ҳузур доштанд.
Имомуддин Сатторов ва Кай Вегнер роҷеъ ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор анҷом доданд.