Рӯзҳои 4-7 сентябри соли 2023 бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва мусоидати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати соҳибкорону сармоягузорони олмонӣ таҳти роҳбарии Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс бо мақсади иштирок дар ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон-Олмон“ аз шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.
Ҳадаф аз танзими чорабинии зикрёфта таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳо, инчунин амалисозии тавофуқоти зимни Форуми қаблии тиҷоратии Тоҷикистону Олмон 22 ноябри соли 2022 дар шаҳри бандарии Ҳамбург байни тарафҳо ҳосилшуда, маҳсуб меёфт.
4 сентябри соли 2023 бо мақсади баррасии сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои баъдӣ вохӯриҳои ҳайати олмонӣ бо Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода доир шуданд.
5 сентябри соли равон бо иштироки васеъи ҳайатҳои тарафҳо ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Олмон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency“ ба кори худ шурӯъ кард.
Чорабинии иқтисодиро бо сухани муқаддимавӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ифтитоҳ намуд.
Сипас, Вазири саноат ва технолгияҳои нав Шералӣ Кабир, Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов вобаста ба имконияту зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, логистика, ҳамчунин густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи олмонӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ баромад карданд.
Истифодаи самараноки таҷрибаи ҳамдигар, муҳайё намудани шароит барои рушди соҳибкориву тиҷоратӣ, ташвиқу тарғиби имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷалби сармояву дарёфти шарикон дар соҳаҳои энергетика, сайёҳӣ, логистика, кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок дар меҳвари таваҷҷуҳи маърӯзакунандагон қарор дошт.
Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс ва роҳбари Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ Ховсеп Восканян дар суханронии худ омодагиашонро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон баён доштанд.
Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни иштироккунандагон гуфтугӯҳои дуҷониба дар сиғаи В2В сурат гирифт, ки дар он табодули афкор перомуни масъалаҳои умда, аз ҷумла оид ба ҳолати иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ, дурнамои рушд ва роҳандозии ҳамкориҳои мустақим баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон санади дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
6 сентябри соли ҷорӣ Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаел Ҳармс аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд.
Дар идомаи сафар ҳайати олмонӣ аз ҷараёни фаъолияти корхонаҳои саноативу истеҳсолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ шиносоӣ пайдо карданд.