Бузургдошти ҷашни Истиқлол дар Берлин

21.09.2023 15:01

19 сентябри соли 2023 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ баргузор намуд.

 Дар чорабинӣ як қатор меҳмонони воломақом, аз ҷумла Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) Нилс Аннен, вакилони Бундестаг, намояндагони аршади вазорату идораҳои марбута, роҳбарони корпуси дипломатии муқими Берлин, муассисаҳои илмӣ-фарҳангӣ, бахши хусусӣ, матбуот, ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар сухани шодбошии худ таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба муҳимияти Истиқлолият, ҳифзи арзишҳои он, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ, инчунин дар бораи дурнамо ва рушди ҳамкориҳои судманди фарогир байни Тоҷикистону Олмон ҷалб кард.

 Аз номи Ҳукумати федеролӣ Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, ба кишвари мо сулҳу рифоҳ ва пешрафту шукуфоии беш аз пешро орзу кард.

Баъд аз анҷоми қисмати расмӣ ба меҳмонон дастурхони миллӣ ороста шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg