11 ноябри соли 2023 дар шаҳри Париж дар ҳошияи иштирок дар иҷлоси 42-юми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле доир гардид.
Зимни мулоқот сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО матраҳ гардид. Ҷонибҳо роҷеъ ба 30-солагии шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ва таъсиси Комиссияи миллӣ оид ба ЮНЕСКО ёдовар шуда, нисбат ба расидан ба дастовардҳои нави ҳамкориҳои Тоҷикистон дар кулли самтҳои салоҳияти Созмон умеду боварӣ намуданд.
С.Муҳриддин мудири кулли ЮНЕСКО-ро ба Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ ва ҳамзамон иштирок дар Конфронси сеюми об, ки баргузории он моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan