11 январи соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо даъвати Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар Қасри Белвю дар пазироии солинавӣ иштирок кард.
Франк-Валтер Штайнмайер роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Берлинро бо Соли нав табрик ва ба онҳо дар фаъолияташон орзуи комравоӣ намуд.
Дар ин маросим Сафир паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Франк-Валтер Штайнмайер ва мардуми Олмон расонид.