Муаррифии имконоти иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон дар Берлин

29.01.2024 19:27

Бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо ва муаррифии имконоти иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон ба доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва намояндагони ширкатҳои хурду миёнаи олмонӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Олмон ва кишварҳои минтақаи АвруОсиё (Deutsch-Eurasischer Wirtschaftsbund) чорабинии муштаракро танзим намуд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов зимни муаррифии зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, логистикӣ, ҳамчунин захираҳои фаровони нерӯи сабз (барқароршаванда) дар кишвар, аз шарикони олмонӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самтҳои афзалиятнок даъват ба амал овард.

Президенти Иттиҳоди иқтисодии Олмон ва кишварҳои минтақаи АвруОсиё (Deutsch-Eurasischer Wirtschaftsbund) Томас Овербек ва Мудири иҷроияи ниҳоди мазкур Ҳанно Штокер дар суханронии худ рағбати бахши хусусии Олмонро барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон баён дошта, ҷиҳати татбиқи иқдомҳои муштарак изҳори омодагӣ карданд.


Барои маълумот: Иттиҳоди иқтисодии Олмон ва кишварҳои минтақаи АвруОсиё (Deutsch-Eurasischer Wirtschaftsbund) соли 2014 таъсис ёфта, фаъолияти он ба барқарорсозии робитаҳои тиҷоратӣ байни ширкатҳои хурду миёнаи олмонӣ ва минтақаи АвруОсиё нигаронида шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg