Тақвияти ҳамкориҳо бо Институти Гёте (Goethe-Institut)

09.02.2024 12:36

26 январи соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо Мудири кулли Институти Гёте (Goethe-Institut) Йоҳаннес Эберт доир шуд.
Таҳкими омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон, идомаи ҳамкориҳои анъанавӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар ва такмили ихтисоси омӯзгорони соҳа бо мақсади рушди минбаъдаи раванди таълими забони олмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба имконияти боз кардани марказҳои забономӯзӣ ва имтиҳонсупории Институти Гёте дар яке аз марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ, ҳамзамон барои тақвияти фаъолияти марказҳои амалкунандаи омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд.

Барои маълумот: Институти Гёте соли 1951 таъсис ёфта, он ба ифтихори шоири тавонои олмонӣ Йоҳанн Волфганг Гёте (Johann Wolfgang Goethe, 1749-1832) номгузорӣ шудааст. Дафтари марказии он дар шаҳри Мюнхен ҷойгир буда, дар 98 кишвари дунё 158 намояндагӣ дорад. Тибқи иттилои мавҷуда дар саросари ҷаҳон 15,5 миллион нафар забони олмониро омӯхта, давоми соли 2022 теъдоди имтиҳонсупорандагони дараҷаи В1 ба 342.000 расидааст.

Намояндагии дар Узбекистон қарордоштаи Институти Гёте ҳамчунин масъул барои Тоҷикистон мебошад. Боиси тазаккур аст, ки шуруъ аз соли 2010 Маркази забономӯзии воқеъ дар шаҳри Душанбе (SLZ) ба ҳайси шарики расмии Иститути Гёте дар Тошканд амал мекунад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg