Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо шарқшиноси варзидаи олмонӣ профессор, доктор Удо Штайнбах (солҳои 1976-2007 роҳбари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Олмон) ва муҳаррир, тарҷумони адабиётҳо аз забонҳои форсӣ, португалӣ ва испанӣ ба забони олмонӣ Курт Шарф вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба китобҳо ва ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик, ки ба забони олмонӣ тарҷума гардидаанд, ҳамчунин танзими чорабиниҳои муштарак ҷиҳати муаррифии таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ба доираҳои Олмон гуфтугӯ сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки як қатор шеърҳои шоирони муосири тоҷик аз ҷониби Курт Шарф дар якҷоягӣ бо мутарҷим ва шоири эронӣ Алӣ Абдуллоҳӣ ба забони олмонӣ тарҷума ва дар китоби маҷмӯаи ашъори баргузидаи шоирони муосири форсизабон ҷой дода шудаанд.