Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкории муштарак бо Академияи дипломатияи фарҳангӣ (Academy for Cultural Diplomacy) Ҳамоиши иқтисодии Берлинро баргузор намуд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ ба ҳозирин роҷеъ ба зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Инчунин зимни чорабинӣ намояндаи ширкати ҶДММ “Сайёҳати Диёр” Саъдӣ Тоирзода имкониятҳои сайёҳии кишварамонро муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон, Сафир дар мусоҳибаи худ бо Мудири иҷроия ва муассиси Академияи дипломатияи фарҳангӣ (Academy for Cultural Diplomacy) Марк С. Донфрид пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Олмон дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, инчунин нақши дипломатияи фарҳангӣ дар самти эҷоди симои мусбати кишвар изҳори назар намуд.