Иштирок дар "Муколамаи сафирони Осиёи Марказӣ ва минтақаи Хазар"

14.03.2024 17:40

12 марти соли 2024 дар шаҳри Майнтси музофоти Федеролии Райнланд-Пфалтс "Муколамаи сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хазар" баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов иштирок намуд.

Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, роҳбарони ширкатҳои бузурги олмонӣ, палатаҳои савдо ва саноат, ҳамчунин доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон дар сиғаи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доштанд.

Мавзӯъҳои асосии форум тақвияти робитаҳо байни Аврупову кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Хазар, аз ҷумла, тавсеаи ҳамкориҳо дар самти рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва логистика барои таъмини ҳаракати молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, истифодаи васеи нерӯи таҷдидпазир ва сарватҳои табиӣ маҳсуб ёфтанд.

Сафири Тоҷикистон дар баромади худ таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарфиятҳои иқтисодии кишвар, маъданҳои фоиданок, инчунин манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир – обӣ, офтобӣ ва бодӣ ҷалб карда, роҳбарони ширкатҳо ва сармоягузорони олмониро барои иштироки фаъол бо мақсади татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт даъват намуд.

Дар ин маврид Имомуддин Сатторов дар баробари муаррифии зарфиятҳои фаровони манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир бо истинод ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олии кишвар ба доираҳои олмонӣ таъкид дошт, ки "Тоҷикистон бояд то соли 2037 ба "кишвари сабз" табдил ёбад".

Дар ҳошияи ин нишаст Сафир бо Вазири иқтисод, нақлиёт, кишоварзӣ ва соҳаи токпарварии музофоти федеролии Рейнланд-Пфалтс Даниела Шмитт ва роҳбарони ширкатҳои мухталиф ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд гуфтугӯ намуд.

Ҳамчунин, дар доираи мулоқоти В2В соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои олмонӣ ба саволҳои худ дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, логистикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg