Боздид аз музофоти федеролии Бавария

15.03.2024 17:32

13 марти соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов зимни боздид аз музофоти федеролии Бавария дар шаҳри Мюнхен бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои Аврупо ва байналмилалӣ Эрик Байсвенгер вохӯрӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону музофоти Баварияро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, бо истифода аз абзорҳои мавҷуда барои роҳандозии иқдомҳои муштараки муассир ба мувофиқа расиданд.

Сафир ҳамчунин бо Котиби давлатии Вазорати молияи Бавария Мартин Шёффел вохӯрӣ намуд, ки дар он зарурати тақвияти робитаҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.

Дар мулоқоти дигар бо роҳбари бахши байналмилалӣ, саноат ва инноватсияи Палатаи савдо ва саноати Мюнхен ва Баварияи Болоӣ (Oberbayern), узви Сарраёсати ин ниҳод Кристоф Ангербауэр ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва бавариягӣ, инчунин ҷалби сармоя ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон тамаркуз карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg