22 марти соли 2024 бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҳамбург (HK Hamburg) ва даъвати сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Мутахассисон барои соҳаи тандурустӣ: Тамаркуз ба Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Раиси гуруҳи корӣ оид ба Аврупои Шарқии Палатаи савдо ва саноати Ҳамбург Мирко Новак, инчунин роҳбарону намоядагони ширкатҳои мухталифи олмонии фаъолияташон ба ҷалби мутахассисон аз хориҷи кишвар нигаронидашуда, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштироккунандагон роҷеъ ба эҷоди механизмҳои ҷалби мутахассисони ҷавони донандаи забони олмонӣ бо мақсади фаъолияти минбаъда дар ниҳодҳои тандрустӣ, аз ҷумла муассисаҳои нигоҳубини пиронсолон ва тақвияти омӯзиши забони олмонӣ дар кишварҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ бо истинод ба аҳолии ҷавони Тоҷикистон, ки зиёда аз 70%-и аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои фаъол дар ин самт ҳавасмандӣ зоҳир намуд.
Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз нишасти дигар дар Агентии манбаъҳои нерӯи таҷдидпазири Ҳамбруг (Renewable Energy Hamburg Clusteragentur GmbH) танзим гардид.
Мудири иҷроияи ин ниҳод Ян Риспенс ба ҳозирин дар бораи фаъолияти Агентӣ ва рушди манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир дар Ҳамбург, аз ҷумла бодӣ, офтобӣ, гидрогени сабз ва усули истифодаи самарбахши онҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳим иттилоъ дод.
Сафири Тоҷикистон зимни муаррифии зарфиятҳои фаровони манбаъҳои нерӯи барқароршавандаи кишвар, иштироки соҳибкорон ва сармоягузорони олмониро дар татбиқи лоиҳаҳои судманд дар ин бахш даъват намуд.