Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба бародаршаҳри Душанбе - Ройтлинген

09.04.2024 17:53

8 апрели соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар доираи сафари корӣ ба Ройтлинген – бародаршаҳри Душанбе бо шаҳрдори (Oberbürgermeister) он Томас Кек мулоқот анҷом дод.

Дар оғози суҳбат Сафир паёми Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Томас Кек расонида, ҳамзамон даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Сипас дар атрофи тақвияти ҳамкориҳои минбаъда миёни бародаршаҳрҳо дар бахшҳои иқтисод, илму фарҳанг, маориф, муҳоҷират, сайёҳӣ, инчунин танзими чорабиниҳои муштараки варзишиву фарҳангӣ дар Душанбе ва мутаносибан дар Ройтлинген табодули афкори созанда сурат гирифт. 

Зимни вохӯрии навбатӣ бо мудири иҷроияи Палатаи саноат ва савдои минтақаҳои Ройтлинген, Тюбинген ва Тсоллерналб (IHK) Волфганг Епп ба рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, танзими ҳамоишҳои иқтисодӣ, роҳандозии робитаҳои мустақим байни соҳибкорони Душанбе ва Ройтлинген тамаркуз карда шуд.

Волфганг Епп ва масъулини ҳамроҳикунандаи ӯ бо зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, маъданҳои нодир, кишоварзӣ, логистикӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон шинос гардиданд.

Ҳамзамон, дар мулоқоти дигар бо Президенти донишгоҳи Ройтлинген профессор, доктор Ҳендрик Брумме роҷеъ ба ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, барқарорсозии робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули донишҷӯён ва имконияти таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассисаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идома Сафири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи факултаи нассоҷӣ „Texoversum“-и донишгоҳ ошноӣ пайдо кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg