7 майи соли 2024 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс баргузор гардид.
Зимни мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Олмон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.