Муаррифии зарфиятиҳои сайёҳии Тоҷикистон

18.06.2024 21:09

12 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон - CTOUR дар бинои намояндагии дипломатӣ шоми муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 30 хабарнигорон - аъзоёни ин Иттиҳодия баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов роҷеъ ба муҳимтарин тасмимҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ маърӯза намуда, имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, таърихи куҳан ва фарҳанги бойи тоҷиконро ба хабарнигорон муаррифӣ намуд.

Роҳбари Иттиҳодия Ҳанс-Петер Гаул зимни баромади худ ҳадафи баргузории чунин чорабинии муштаракро ба афзоиш ёфтани таваҷҷӯҳи доираҳои иттилоотии кишвари Олмон ба зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон рабт намуд.

Ҳамзамон, аъзои Иттиҳодия, хабарнигори рӯзномаи “”Die Stimme der Hauptstadt” Фолкер Неф, ки моҳи марти соли равон бо дастгирии Сафорат ва Кумитаи рушди сайёҳӣ аз Тоҷикистон боздид карда, дар ҳамоиши байналмилалии Навруз иштирок дошт, таасуроту таҷрибаи мусбати худро дар бораи Тоҷикистон ба иштирокдорон баён намуд.

Зимни табодули афкор бо хабарнигорон Имомудин Сатторов ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди соҳаи саёҳии кишвар, бахусус содда гардидани раванди сафар ба Тоҷикистон, посух дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg