21-25 октябри соли 2024 сафари шиносоии ҳайати олмонӣ бо роҳбарии Президенти Иттиҳодияи сайёҳии Олмон (DRV) Норберт Фибиг, намояндагони бахши сайёҳӣ ва ширкатҳо ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар натиҷа ҳайати олмонӣ аз зарфиятҳои фаровони сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати зебои Тоҷикистон дидан намуданд. Дар доираи сафар вохӯрӣ бо Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки DRV ҳамчун Иттиҳодияи пешбари сайёҳии Олмон тамоми ташкилотҳои сайёҳиро фаро гирифта, тақрибан 90 фоизи даромади умумии бозори сайёҳии кишвари иқоматро ташкил медиҳад. Иттиҳодия ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, роҳи оҳан, меҳмонхонаҳо ва дигар корпоратсияҳои тиҷоратии сайёҳиро ба ҳам муттаҳид мекунад.