7 ноябри соли 2024 дар шаҳри Берлин маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW) баргузор гардид.
Санади дуҷонибаро Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон (маҷозӣ), Мудири иҷроияи Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW) Андреас Ян ва намояндаи BVMW дар Тоҷикистон Сергей Серебранский дар ҳузури Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ба имзо расониданд.
Бояд қайд намуд, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур заминаро барои ифтитоҳи Намояндагии Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW) дар Тоҷикистон гузошта, ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Олмон дар амалии лоиҳаҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.
Барои маълумот: BVMW иттиҳодияи мустақилест, ки манфиатҳои беш аз 900,000 ниҳоди соҳибкории хурду миёна дар Олмонро намояндагӣ мекунад. BVMW бо намояндагиҳои худ дар 85 кишвари ҷаҳон ба соҳибкорони олмоние, ки мехоҳанд дар хориҷа тиҷоратро пеш баранд, мусоидат менамояд.