12 ноябри 2024 дар шаҳри Берлин бо ташаббус ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон барномаи консертии «Future Now - Central Asia» баргузор гардид.
Дар ин барнома донишҷуёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов - Тошиев Идибек (рубоб), Ҳасанов Ҷовидон (ғижак) ва Зоҳидова Гулҷамол (қонун) бо дигар навозандагони ҷавон аз Осиёи Марказӣ ва Олмон аз саҳнаи бонуфузи Филармонияи шаҳри Берлин ҳунарнамои намуданд.
Консепсияи мавзӯи консерти «Future Now - Central Asia» таҳти роҳбарии эҷодии профессор Матиас Ҳинке 5 унсури табиӣ - чӯб, оташ, замин, металл ва об буда, санъаткорони тоҷик асари мусиқии худро дар атрофи элементи об, бо тамаркуз ба анъанаҳои мусиқавии миллии хеш омода намуданд.