19 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо ширкати MINZ – GmbH Internationale Kulturprojekte ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳошияи фестивали “Future Now - Central Asia” намоиши филми ҳунарии «Дов»-и коргардони тоҷик – Муҳиддин Музаффар дар кинотеатри “DelphiLUX”-и шаҳри Берлин, баргузор гардид.
Намоиши филм бо муваффақият баргузор гардида, шумораи зиёди тамошобинон ва таваҷҷӯҳи намояндагони ВАО-ро ҷалб намуд.
Филми ҳунарии «Дов» дар 30 ҷашнвора иштирок намуда, соҳиби 25 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст.