Бо мақсади таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби ҳарчи бештари доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории олмонӣ дар бахши мухталифи логистикӣ ва парвози хатсайрҳои нав 3 декабри соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Имомудин Сатторов бо мудири иҷроияи Фурудгоҳи Ҳаҳни Олмон (Hahn Airport) Франке Рюдигер дар шаҳраки Ҳаҳн баргузор гардид.
Фурудгоҳи мазкур дар музофоти Федеролии Райнланд-Пфалтси Олмон назди кишварҳои Белгия, Фаронса ва Люксембург ҷойгир буда бо дарозии ҳати парвоз 3800м барои истифодабарии ҳавопаймоҳои бузурги боркаш ва мусофиркаш хизмат расонида метавонад.