16 январи соли 2024 дар маркази намоишгоҳҳои Берлин “Messe Berlin” 89-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ - “Ҳафтаи байналмилалии сабз” оғоз гардид.
Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва даъвати Вазорати федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон, иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ таъмин гардида, дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
18 январ, дар гӯшаи миллии Тоҷикистон чорабинии махсус баргузор гардид, ки дар он корпуси дипломатии муқими Олмон ва ширкатҳои олмонӣ дар самти кишоварзӣ даъват гардида, бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ, ҳамчунин ҳунарҳои мардумии кишвар, шинос гардиданд.
Зимнан, дар идомаи намоишгоҳ вохӯриву мулоқотҳои роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорату идораҳо ва ширкатҳои Олмон ва кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуданд.
Имсол, “Ҳафтаи байналмилалии Сабз” маротибаи 89-ум бо масоҳати умумии беш аз 118000 метри мураббаъ баргузор гардида, дар он зиёда аз 1400 намоишгарон аз 60 кишварҳои ҷаҳон маҳсулоти гуногуни кишоварзии худро намоиш додаанд, ки онро 13,000 ҳазор шабакаҳои интеренетӣ ва 700 шабакаҳои телевизионӣ пахш менамоянд. Интизор меравад, ки тақрибан 400 ҳазор нафар аз намоишгоҳи “Ҳафтаи байналмилалии сабз” дидан хоҳанд кард.