22 январи соли 2025 сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ба музофоти федеролии Саксония баргузор гардид.
Дар доираи сафари мазкур Сафири Тоҷикистонро Сарвазири Саксония Михаел Кретчмер ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дучониба дар самтҳои сармоягузорӣ ва иқтисоду тиҷорат матраҳ гардиданд.
Ҳамзамон Имомудин Сатторов бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония ҷаноби Александ Диркс мулоқот анҷом дода, роҷеъ ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо Муовини якуми шаҳрдори Дрезден, Ваколатдор оид ба маориф, ҷавонон ва варзиш Ян Донҳаузер роҳҳои рушди ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
© SLT/Millauer
© SLT/Millauer