Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон

31.01.2025 09:33

29 январи соли 2025 дар бинои намояндагии дипломатӣ шоми муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов роҷеъ ба муҳимтарин тасмимҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ маърӯза намуда, имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, таърихи куҳан ва фарҳанги бойи тоҷиконро ба меҳмонони олмонӣ муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон, коршиноси олмонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Кристиан Гроссе, ки моҳи марти соли 2024 бо дастгирии Сафорат ва Кумитаи рушди сайёҳӣ аз Тоҷикистон боздид карда, дар ҳамоиши байналмилалии Наврӯз иштирок дошт, таасуроту таҷрибаи мусбати худро дар бораи Тоҷикистон ба иштирокдорон баён кард.

Зимни табодули афкор Имомудин Сатторов ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди соҳаи саёҳии кишвар, бахусус содда гардидани раванди сафар ба Тоҷикистон, посух дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg