Мулоқоти Сафир бо намояндаи Иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK)

04.02.2025 11:35

Бо мақсади баррасии сатҳи кунунии ҳамкориҳо дар самти иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо намояндаи навтаъиншудаи Иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK) Эдуард Кинсбрунер баргузор гардид.

Дар мулоқот дар бораи имконият ва зарфиятҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, модернизатсияи лоиҳаҳои энергетикӣ ва саноатӣ, кушодани марказҳои логистикӣ ва лоиҳаҳои саноати кӯҳӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg