6 феврали соли 2025 дар бинои намояндагии дипломатӣ вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбари федеролии Иттиҳодияи федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA) Урс Ункауф баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва BWA, хусусан банақшагирии ташаббусҳои ҷадид ва танзими чорабиниҳои муштарак барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ матраҳ гардиданд.