11 марти соли 2025 дар шаҳри Лейпсиг Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар форуми байналмилалии «Welcome to Saxony!» иштирок намуд.
Дар доираи форуми мазкур вохӯрии Сафир бо Роҳбари Агентии рушди иқтисодии Саксония (WFS) Томас Хорн ва Роҳбари раёсати иқтисоди хориҷӣ ва намоишгоҳҳо Томас Рихтер баргузор гардида, имкониятҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ матраҳ гардиданд.
Чорабинӣ барои намояндагони байналмилалӣ ва шарикони Агентии рушди иқтисодии Саксония (WFS) платформаи муносиби мубодилаи афкор таъмин кард, ки дар он дурнамо ва мушкилоти ҷории соҳаи саноати мошинсозӣ ва сохтмони дастгоҳҳо дар Ҳиндустон, Чин, Осиёи Марказӣ ва Саксония баррасӣ шуданд.
Дар рафти сафари мазкур боздид аз фурудгоҳи Лейпсиг/Ҳалле ва мулоқот бо муовини аввали Президенти ширкат Mitteldeutsche Flughafen AG Франк Пипер баргузор шуд. Зимни суҳбат тарафҳо роҳҳои ташкили ҳамкориҳои логистикиро баррасӣ намуданд.