15 марти соли 2025 дар шаҳри Берлин намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар якҷоягӣ бо ташкилоти Ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ (Cultur Cooperation Int.) ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо иштироки шахсони расмии кишвари иқомат, сафирон, намояндагони корпуси дипломатӣ, шаҳрвандони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва ҳамватанони муқими Олмон бо шукӯҳ баргузор намуданд.
Дар доираи таҷлили ҷашни бузурги аҷдодӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Олмон гушаи миллиро ба намоиш гузошт, ки дар он маводҳои фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон, инчунин либосу таомҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва мусаввараҳо ба маърази тамошо гузошта шуда, диққати меҳмонони сершуморро ҷалб кард.
Ҳамчунин, дар қисми фарҳангии чорабинӣ барои иштирокчиён барномаи мусиқӣ бо навозиши асбобҳои миллӣ ва иҷрои шеъру таронаҳои тоҷикӣ пешниҳод шуда, филми мустанад дар бораи зарфиятҳои сайёҳӣ, анъанаҳо ва суннатҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.