3 апрели соли 2025 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар якҷоягӣ бо Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн дар толори бошукуҳи меҳмонхонаи «Атлантик»-и шаҳри Ҳамбург ҷашни навбатии Наврӯз бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии кишвари иқомат, роҳбарони иттиҳодияҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ, Консули ифтихории Тоҷикистон дар Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн Куруш Пуркиён қайд намуд, ки ҷашни Наврӯз дар ин шаҳри машҳури бандарӣ ба як анъанаи табдил ёфтааст ва аз роҳбарияти Ҳамбург барои дастгирии пайвастаи он изҳори сипос намуд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар сухани ифтитоҳиаш меҳмононро пазироӣ намуд. Сафир аз Шоҳномаи Фирдавсӣ: «Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд» иқтибос оварда, ба мавқеи Наврӯз ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангҳо ва мероси умумибашарӣ таъкид намуд.
Қисми ҳунарии барнома бо намоиши балет дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ - Саидзода Фарангис ва Азимзода Мухаммади оғоз гардида, сарояндаи ҷавони тоҷик Умедҷони Бурҳон бо иҷрои сурудҳои халқии тоҷикӣ дилҳои ҳозиронро фатҳ кард.
Гӯшаи фарҳангии Сафорат бо ашёи анъанаҳои Наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, асбобҳои мусиқӣ ва китобҳои таърихии Тоҷикистон ороиш ёфта, ба ҳозирин имконияти бо санъати нигоришии тоҷикӣ ва дигар нишонаҳои фарҳангии кишвар фароҳам овард.