Дар идомаи силсилаи чорабиниҳои наврӯзӣ, 5 апрели соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки шумораи зиёди ҳамватанони муқими Олмон, Лаҳистон ва Чехия баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов оғоз ёфт. Сафир меҳмононро ба муносибати ҷашни бостонии Наврӯз самимона муборакбод намуда, ба ҷойгоҳи хоси ин ҷашни фарҳангӣ дар таърихи мардуми тоҷик ва аҳамияти он ҳамчун рамзи эҳё, ҳамбастагӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ таъкид кард. Ҳамзамон, Сафир ҳозиринро ба муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистон даъват кард.
Ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ — Саидзода Фарангис ва Азимзода Мухаммад — бо иҷрои балет барномаи фарҳангиро оғоз бахшиданд, ки ба чорабинӣ ранги хос бахшид.
Дар идома, сарояндаи ҷавону маҳбуб Умедҷони Бурҳон бо иҷрои таронаҳои миллии тоҷикӣ шукӯҳи хосе ба фазои ҷашн бахшид ва истиқболи гарми ҳозиринро ба даст овард.
Дар анҷоми чорабинӣ, барои меҳмонон дастурхони миллӣ ороста шуда, иштирокчиён бо таомҳои суннатии тоҷикӣ меҳмондорӣ гардиданд.
Ҷашни Наврӯз дар муҳити гарму дӯстона баргузор гардид.