9 майи соли 2025, бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов якҷо бо сафирон ва намояндагони корпуси дипломатӣ дар маросими тантанавии гулгузорӣ дар маҷмааҳои ёдбуди ҷанговарони шуравӣ дар боғҳои Трептов ва Тиргартени шаҳри Берлин ширкат варзид.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҷони худро фидо кардаанд.