Маросими супоридани эътимодномаи Сафири Тоҷикистон дар Чехия

14.05.2025 19:51

13 майи соли 2025 дар Қасри Президентии Ҷумҳурии Чехия маросими супоридани эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия бо қароргоҳ дар Берлин, Имомудин Сатторов, ба Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Петр Павел баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Чехия ба муносибати оғози фаъолият Сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

Дар ҷараёни суҳбат, табодули афкор оид ба самтҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чехия сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg