12–13 майи соли 2025, дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Прага, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия (бо қароргоҳ дар Берлин) Имомудин Сатторов бо намояндагони сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Чехия вохӯриҳо анҷом дод.
Санаи 13 май мулоқоти Сафир бо Директори генералии Департаменти Иттиҳоди Аврупо ва савдои хориҷии Вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия Дэвид Мюллер баргузор гардид. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саноатиро муҳокима намуданд.
Ҳамзамон зимни сафар вохӯрии Сафир бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Донишгоҳи кимиё ва технологии Прага баргузор гардид.