Дар асоси муомила ба мисл бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025 таҳти №324 ба банди 24 Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” (№207, аз 31 марти соли 2020) сархати сеюм бо мазмуни “-Ҷумҳурии Исломии Эрон – барои 30 рӯз” ворид карда шуд.
Мутобиқи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳои худ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардидаанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan