2 июли соли 2025 дар Қасри Белведер, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти кишвар муҳтарам Анджей Дуда супорид.
Президенти Лаҳистон сафирро ба оғози фаъолияташ табрик гуфта, ба ӯ барору комёбӣ таманно кард. Дар идома, ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.
Дар идомаи барномаи расмӣ, Сафир дар назди ёдгории Аскари номаълум гулчанбар гузошт.




