Баргузории чорабинии фарҳангӣ дар шаҳри Дюсселдорф

19.11.2025 20:45

16 ноябри соли 2025, бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Олмон «Пайванди тоҷикони Олмон», дар шаҳри Дюсселдорф чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ин ҳамоиш, ки инчунин бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, беш аз 1200 нафар меҳмононро аз саросари Олмон, Лаҳистон, Чехия ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба ҳам овард. Дар баробари ҳамватанон, дӯстдорони фарҳанги тоҷикӣ аз миллатҳо ва кишварҳои гуногуни аврупоӣ, аз ҷумла форсизабонон низ дар ҳамоиш ҳузур доштанд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов оғоз гардид. Сафир ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар таъкид намуд. Дар суханронӣ инчунин аҳаммияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти робитаҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ ва саҳми ҷавонон дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ зикр гардид.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд ҳунарпешаҳои маъруфу маҳбуби ҷумҳурӣ — Гурӯҳи «Шамс» бо роҳбарии Нобовар Чаноров, Нозияи Кароматулло, Мубориз Усмонов, Хушдил ва ансамбли мусиқии миллӣ «Ritm-X» аз шаҳри Ҳамбург — бо иҷрои таронаҳои гуногун ҳунару маҳорати баланди худро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби ҳозирин гарм истиқбол гардид.

Дар чорчӯби чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ аз ҷониби тарроҳ Фарида Саидова баргузор шуд, ки намудҳои либосҳои миллӣ ва зебоии фарҳанги тоҷикиро муаррифӣ намуд. Дар ҳамоиш ҳунари волои рақси тоҷикӣ иҷро гардида, аз ҷониби ҳозирин гарму самимӣ истиқбол шуд.

Дар поёни чорабинӣ барои меҳмонон дастурхони миллӣ ороста шуд. Чорабинӣ саршор аз эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллат дар фазои гарму самимӣ анҷом ёфт.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg