11 декабри соли 2025 дар шаҳри Берлин чорабинии муштараки Иттиҳодияи соҳавии фаъолияти маъданкории хориҷӣ ва фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи ашёи хом (FAB) ва Агентии ашёи хоми (сарватҳои табиӣ) Олмон (DERA) таҳти унвони «Иқтидори ашёи хоми минералӣ дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки доираҳои давлатӣ, бахши саноат, корпуси дипломатӣ, муассисаҳои илмӣ ва коршиносони соҳа баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар муҳокимаи панелии Сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба иқтидори ашёи хоми минералӣ иштирок намуд.
Зимни муҳокимаи панелӣ масъалаҳои вобаста ба захираҳои табиии кишварҳои Осиёи Марказӣ, дурнамо ва мушкилоти рушди бахши истихроҷи маъдан, инчунин имкониятҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ашёи хом мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафир дар баромади худ ба имкониятҳои захиравии кишвар, сиёсати давлатӣ дар самти истифодаи оқилона ва устувори сарватҳои табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва пешравиҳои ҷорӣ дар соҳаи саноати маъдан, инчунин омодагии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо доираҳои иқтисодӣ ва саноатии Олмон, ишора намуд.



