Аз 16 то 25 январи соли 2026 дар маркази намоишгоҳҳои Messe Berlin Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ — «Ҳафтаи байналмилалии сабз» (Grüne Woche) ҷараён дорад. Соли 2026 ба 100-солагии баргузоршавии ин намоишгоҳ рост меояд.
Дар намоишгоҳи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусии кишвар ширкат варзида, дастовардҳо ва имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ҷумҳуриро муаррифӣ менамояд.
Дар гӯшаи миллии Тоҷикистон меҳмонон бо намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, молу маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ, инчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос гардида, таваҷҷуҳи иштирокчиён ва доираҳои касбии Олмонро ба худ ҷалб менамоянд.
Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриву мулоқотҳо миёни намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳо, ширкатҳо ва ниҳодҳои дахлдори Олмон ва дигар кишварҳо баргузор шуда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.



