1 сентябри соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Сардори Раёсати иқлим ва амният, дипломатияи экологӣ ва обии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доктор Ҳолгер Клитсинг мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ва ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Олмонро дар ин самтҳо дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷониба, инчунин имкониятҳои тавсеаи минбаъдаи он баррасӣ карданд.
