1 сентябри соли 2026 дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо «Open International Dialogue» чорабинии муаррифии зарфиятҳои иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов зимни суханронӣ дастовардҳои муҳимми кишварро дар даврони Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи иштирокчиён ба зарфиятҳои сайёҳӣ ва мероси ғании таърихию фарҳангии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ Президенти «Open International Dialogue» ва коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Кристиан Гроссе зимни маърӯзаи худ таассуроти худро аз сафар ба Тоҷикистон ва шиносоӣ бо кишвар ба иштирокчиён баён намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ табодули афкор сурат гирифта, аҳаммияти идомаи муколама ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд таъкид гардид.





