4 сентябри соли 2026 ба ифтихори 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳии худ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зикр намуд, ки дар воқеъ Истиқлоли давлатӣ арзиши бебаҳо ва неъмати бузурги таърихӣ барои миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ки заминаи устувори соҳибихтиёрӣ, рушди мустақили сиёсию иҷтимоии кишвар, эҳёи арзишҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи наву пешрафтаро фароҳам сохт.
Вазир ҳамчунин таъкид намуд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти дипломатияи тоҷик дар замони истиқлоли давлатӣ, пешбурди ташаббусҳои бунёдгузори дипломатияи муосири тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи обу иқлим, муҳити зист ва муқовимат бо таҳдидҳои замони муосир мебошад.
Дар маросими сарфарозгардонии як қатор кормандони соҳаи сиёсати хориҷӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои дипломатӣ тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рафти чорабинӣ баргузор шуд, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок намуд.
Дар фарҷом маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj