Рӯзҳои 24-26 октябри соли 2018 дар ш. Душанбе бо дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба корҳои маориф, илм ва фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми Осиёи Марказӣ оид ба технологияи иттилоотӣ ва алоқа дар соҳаи маориф баргузор намуд. Дар кори Симпозиум намояндагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои Корея, Монголия ва Тайланд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани 4-умин ҳадафи Рушди устувор (маориф), оғоз аз соли 2013 ҳамасола бо дастгири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар ш. Алмато ва Дафтари минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ороми ин созмон дар ш. Бангкок мунтазам Симпозиуми Осиёи Марказӣ доир ба технологияи иттилоотӣ ва алоқа дар соҳаи маориф (ЦАСИО) баргузор карда мешавад, ки он ба сифати платформа оид ба муҳокимаи дастаҷамъонаи масъалаҳои мубрам дар соҳаи маориф ва ошкор намудани роҳҳои ҳалли эҳтимолии онҳо бо воситаи истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ ва алоқа (Маориф барои ҳама), мусоидат хоҳад кард.