Супоридани эътимоднома ба Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон

05.11.2018 17:42

5 ноябри соли 2018 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо Эътимодномаи худро ба Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Франк-Валтер Штайнмайер супорид.

Пас аз супоридани Эътимоднома Президенти Олмон бо Сафири навтаъин мулоқот намуд.Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Франк Валтер Штайнмайер Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон комёбиҳо орзу намуд.

olmon.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg