Даври навбатии гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳо барои рушд

24.11.2018 12:07

   22-23 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сардори Раёсати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шарқии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Катрин Оеллерс гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳо барои рушд доир гардид. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гардиданд.

     Олмон дар доираи ин ҳамкориҳо дар таъмир ва таҷдиди дармонгоҳҳо, ҳифзи модару кӯдак, беҳтар намудани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ, сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва водии Рашт, ҳамчунин барқарор намудани инфрасохторҳои коммуналӣ мусоидат менамояд. Зимни гуфтушунидҳо мувофиқа ба даст омад, ки Ҳукумати Олмон солҳои 2019-2020 барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар самтҳои афзалиятноки тандурустӣ, бахши молия, энергетика, таълимоти касбӣ, рушди инноватсиончӣ, инчунин ҳифзи ҷангалзорҳо бо Тоҷикистон хамкорӣ хохад кард.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg