Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон 11 феврали соли 1992 барқарор шуданд.
Дар тӯли солҳои ҳамкорӣ, сафарҳои зерин сурат гирифтанд:
• 17 апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Лаҳистонро ба ҳузур пазируфт ва зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
• 17 апрели соли 1998 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Бронислав Геремек, ҳамчун Раиси САҲА аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди корӣ ба амал овард. Зимни боздид Бронислав Геремек бо Президент, Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом дод.
Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ба Душанбе моҳи октяри соли 2002 ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Варшава моҳи майи соли 2003 гузошта шуд. Дар чорчӯби сафарҳои мазкур 9 санади муҳими байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, илм, маориф ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ки пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистонро ташкил медиҳанд, ба имзо расонида шудааст.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Тошканд) Радослав Грук мебошад.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон (бо қароргоҳаш дар ш. Берлин) Соҳибназар Ғайратшо мебошад.
Пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ. Айни замон заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар ҳоли рушд қарор дошта, 18 санади дуҷонибаи ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф дар бар мегирад.
Машваратхои сиёсй. 25 июни соли 2021 дар Варшава даври нахустини машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Марчин Пшидач баргузор гардид. Зимни машваратҳо ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистонро дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуда, доир ба дурнамои равобити ду кишвар дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карданд.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ яке аз манфиатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Лаҳистон ба ҳиcоб меравад. Дар робита ба ин, моҳи сентябри соли 2006 дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои коршиносони Тоҷикистону Лаҳистон баргузор гардиданд, ки ба мушаххас гардидани соҳаҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон, иштироки намояндагони Лаҳистон дар намоишгоҳи байналмилалии “ Тajik -Build” дар Душанбе дар охири соли 2006 аз иқдомҳои аввалин барои омӯзиши бозори Тоҷикистон ва имкониятҳои он шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади рушди ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ 3-4 ноябри соли 2009 ҳайати Лаҳистон таҳти сарварии Муовини Вазири иқтисод ҷаноби Мартин Королетс аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди корӣ анҷом дод. Зимни боздид ҳайати лаҳистонӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла бо намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд. Илова бар ин, дар рафти вохӯриҳо Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расид, ки ба муносибатҳои иқтисодии ду кишвар такони нав бахшид. Мутобиқи Созишномаи мазкур ҷонибҳо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратиро таъсис доданд. Аз он вақт инҷониб як қатор ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид, аз ҷумла:
• 25-26 октябри соли 2010 дар Варшава;
• 27-28 октябри соли 2011, ш. Душанбе;
• 6—7 ноябри соли 2012 дар Варшава. Дар поёни мулоқот Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид. Дар чаҳорчӯби ҷаласаи чаҳоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон форуми соҳибкорон баргузор гардид.
• Соли 2017 дар Варшава ҷаласаи панҷум баргузор гардид.
Ҳамкориҳои фарҳангӣ, маориф ва илм. Ҳамкориҳои фарҳангӣ дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва маориф ва Барномаи Ҳукумати Лаҳистон барои таҳсил дар Лаҳистон, ки соли 2003 ба имзо расидаанд, ба роҳ монда шудааст.
Соли 2005 дар Душанбе аввалин намоиши филмҳои лаҳистонӣ баргузор гардида, намояндагони санъати миллии тоҷик дар фестивал ва намоишгоҳҳое, ки дар Лаҳистон барпо мешаванд, иштирок менамоянд. Моҳи сентябри соли 2007 бо мақсади идомаи омӯзиши илмӣ дар донишгоҳҳои Лаҳистон дар доираи барномаи Ҳукумати Лаҳистон зиёда аз ҳашт олими ҷавон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар доираи барномаи мубодилаи байни донишгоҳҳо омӯзгорони лаҳистонӣ ҷиҳати таълим додани донишҷӯёни тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон сафар менамоянд. 15 ноябри соли 2010 бахшида ба рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Лаҳистон дар Консерваторияи миллии Душанбе консерти мусиқии классикии лаҳистонӣ пешкаш гардид.
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон (бо қароргоҳаш дар ш. Тошканд) ва санъати синамои Лаҳистон, соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд кинофестивали лаҳистонӣ таҳти унвони “Висла” ва фестивали филмҳои кишварҳои гуруҳи “Вишеград”баргузор гашт. 16 июни соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фестивали филмҳои лаҳистонӣ баргузор шуд. Ба муносибати боздиди ноиби Маршал ҷаноби Ежи Вендерлих аз Тоҷикистон, 3 июли соли 2015 дар Консерваторияи давлатии Душанбе консерти мусиқии классикии лаҳистонӣ пешкаш карда шуд.
12 сентябри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи муштараки “Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Лаҳистон” баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинии мазкур дар даромадгоҳи бинои театр намоиши аксҳои аксбардори моҳири лаҳистонӣ Леон Баршчевский бо номи “Тоҷикистон дар асри XIX” ба маърази тамошо гузошта шуданд. Леон Баршчевский сайёҳ, табиатшинос, олим ва аксбардори моҳири лаҳистонӣ дар охирҳои XIX ба минтақаи Осиёи Миёна сафар карда, ҳаёт ва зиндагии мардумони ин минтақаро аксбардорӣ намудааст, ки то ба имрӯз дар осорхонаҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Миёна ва Аврупо ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамзамон, дар барномаи консерти ҳунармандони Ансамбли рақсҳои мардумии Академияи тарбияи ҷисмонии ба номи Юзеф Пилсудский Варшава ва сарояндаи лаҳистонӣ хонум Анета Фигел ва санъаткорони тоҷик низ ҳунарнамоӣ карданд.
20 июли соли 1998 корманди Ҳайати нозирони СММ шаҳрванди Ҷумҳурии Лаҳистон майор Ришард Шевчик зимни иҷрои вазифаи худ дар ноҳияи Тавилдараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фоҷеавӣ қурбон мешавад. Мардуми Тоҷикистон саҳми Ришард Шевчикро, ба сифати намояндаи як созмони муътабари байналмилалӣ ва шаҳрванди кишвари ба мо дӯсти Лаҳистон дар раванди бунёди сулҳу амният дар Тоҷикистон ҳамчун тимсоли сулҳофарӣ, ҳамзистӣ ва дӯстӣ гиромӣ медоранд. Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ришард Шевчикро дар раванди бунёди сулҳу амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ордени “Спитамен” қадрдонӣ намуд.
Ҳукумати Лаҳистон дар доираи барномаи “Мусоидат барои рушд” бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамкорӣ дорад. Тибқи иттилои расмии Вазорати илм ва маорифи Лаҳистон, айни замон дар донишгоҳҳои Лаҳистон наздики 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд.
Марказҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон.
1. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон .
(бо қароргоҳаш дар ш. Берлин)
Cуроға: кучаи Перлебергер 43, 10559 Берлин,
Ҷумҳурии Федеративии Германия
Сомона: www.botschaft-tadschikistan.de
Почтаи электронӣ: info@botschaft-tadschikistan.de
Тамос: +49 (030) 3479300;
2. Намояндагии роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи Созмони ҳамкориҳои роҳи оҳан дар Ҷумҳурии Лаҳистон.
Cуроға: кучаи Хожа 63/67, 00681 Варшава,
Ҷумҳурии Лаҳистон
Сомона: http://www.osjd.org/
Почтаи электронӣ: osjd@osjd.org.pl
Тамос: +48 226573600;
3. Сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(бо қароргоҳаш дар ш. Тошканд)
Cуроға: кучаи Фирдавсӣ 66, 100084 Тошканд, Ҷумҳурии Узбекистон
Сомона: www.taszkent.msz.gov.pl
Почтаи электронӣ: taszkent.amb.secretariat@msz.gov.pl
Тамос: +998 711208650;
Тартиби гирифтани раводиди Ҷумҳурии Лаҳистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳанд бо мақсадҳои хусусӣ, сайёҳӣ, тиҷоратӣ, корӣ ва таҳсилӣ ба Ҷумҳурии Лаҳистон сафар намоянд, метавонанд барои гирифтани раводиди миллӣ ва раводиди шенген тавассути бақайдгирии электронӣ аз сомонаи http://www.e-konsulat.gov.pl Шӯъбаи консулии Сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Тошкант) -и Ҷумҳурии Узбекистон истифода бурда, дархост намоянд. Дархости бақайдгирии электронӣ барои раводиди дархостшуда ройгон буда, танҳо дар рӯзҳои Душанбе, Сешанбе, Чоршанбе ва Ҷумъа аз соати 12:30 то 13:30 ба воситаи сомонаи болозикр имкон дорад. Муҳлати баррасии дархостҳо барои гирифтани раводид 10 рӯзи корӣ буда, ҳангоми тафтиши иловагӣ метавонад дар муҳлати 30 баррасӣ гардад.
Тибқи маълумоти Шӯъбаи консулӣ ба саволҳое, ки дар сомонаи Сафорат ҷойгир карда шудааст, ҳангоми муроҷиати хаттӣ тавассути дархости электронӣ посух дода намешаванд. Ҳамзамон, Шӯъбаи консулӣ ҳангоми хонапурӣ намудани варақаи электронӣ барои дархости раводиди дахлдор ёрии техникӣ намерасонад. Илова бар ин, дархостҳо барои гирифтани раводид бояд танҳо аз ҷониби муроҷиаткунанда шахсан хонапурӣ гардида, ҳуҷҷатҳое, ки тавассути ашхоси миёнарав фиристода мешаванд, қабул карда намешаванд.