Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Германия

28.01.2020 09:37

27 январи соли 2020 дар шаҳри Берлин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо  Вазири федеролии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ҳайко Маас баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва маориф миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амният ва муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба фаъолияти меҳнатии аъзои оилаи кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулиро ба имзо расониданд.

Mukhriddin-va-Maas-Olmon.jpg

imzoi-sozishnoma-Berlin-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg