Саноатикунонӣ бо ҳадафи ҷойивазкунии воридот. Гузариш ба иқтисодиёти саноатӣ-кишоварзӣ

16.03.2020 08:56

promishlennost-Tadzhikistana.jpg   Бо вуҷуди он, ки дар тӯли шаш соли охир Тоҷикистон ба рушди устувори 6-7,5% ноил шудааст, иқтисодиёти он аз як қатор омилҳои беруна вобастагӣ дорад. Омилҳое, ки, мутаассифона, тавассути бӯҳрони коронавирус таъсири амиқ расонд. Тоҷикистон нисбат ба содирот бештар ворид мекунад. Барои тағйир додани ин вазъ ҳукумати Тоҷикистон чорумин ҳадафи стратегии худро ҳамчун саноатикунонӣ эълон кард. Ба наздикӣ Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд.  Барномаи мазкур ҷиҳати мусоидат ба истеҳсол ва коркарди молҳои ивазкунандаи воридот пешбинӣ шудааст. Дар баробари таъмини рушди устувори кишвар Тоҷикистон мехоҳад молҳои рақобатпазирро ба хориҷа содир кунад. Дар маҷмӯъ кишвар азм дорад, ки бо татбиқи ин барнома воридоти молу маҳсулотро ҳамасола то 1 миллиард сомонӣ коҳиш диҳад. Ҳадафи мазкур бояд тавассути ворид кардани технологияҳои навтарин, тавсеаи бахши энергетика ва коркарди ашёи хом ба даст оварда шавад. Таъмини идоракунии устувор, ҳифзи беҳтари ҳуқуқӣ ва мубориза бо бюрократия ҳадафҳои зикршуда мебошанд. Тоҷикистон омода аст, ки дар татбиқи ин барнома дар бахшҳои зерин бо Олмон ҳамкорӣ кунад:

• Такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои саноат, саноати сабук ва хӯрокворӣ, бахшҳои энергетика ва сохтмон.

• Таъсиси корхонаҳои муштараки мутақобилан судманд дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ва нассоҷӣ ва ғайра.

Бо шарофати захираҳои табиӣ ва гиёҳҳои шифобахш имконоти ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ вуҷуд дорад. Дар айни замон ширкатҳои маҳаллӣ зиёда аз 250 номгӯи доруҳои гуногун, маводҳои тиббӣ, маҳсулоти гигиенӣ ва моддаҳои хӯрокворӣ истеҳсол мекунанд. Бо тавсеаи ин соҳа кишвар натанҳо ниёзҳои худро қонеъ карда метавонад, балки маҳсулоти худро ба хориҷа содир хоҳад кард. Соҳаҳои нави ҳамкориҳои Олмону Тоҷикистон метавонанд ворид намудани таҷҳизоти бастабандӣ, дастгоҳҳои технологӣ ҷиҳати истеҳсоли маводҳои органикӣ барои дорувориҳои махсус, истеҳсоли хӯроки гиёҳӣ, маркетинги дорувориҳои аз растаниҳо омодашуда, хӯроквории ғаникардашуда ва ғизои кӯдакон иборат бошанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg