Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ марҳилаи ба деҳқонон қисман ҷудо намудани заминҳои минтақаи кўҳистон ва наздикўҳӣ оғоз шуда, ҳамчунин солҳои 1995-1997 зиёда аз 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба хоҷагидорон ҷудо карда шуд, ки ин амал ба таъминоти беҳтари аҳолӣ бо озуқа мусоидат намуд. Мавриди қайд аст, ки пас аз қабули асноди мазкур як қисми бекори аҳолӣ ба кор ҷалб гардид, ки он барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ аҳамияти калон дошт.
Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, санади дахлдор «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ» қабул гардид ва дар раванди татбиқи он фармоишҳои давлатӣ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии хоҷагидорон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд.
Татбиқи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) озодии интихоб дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ, инчунин имконияти гузаронидани кишти такрориро дар майдонҳои холишудаи аксарияти маҳалҳо дода, ҳамзамон ҳал шудани масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори ин соҳаро афзун намуд. Гузариш ба тарзи нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инчунин хусусигардонии амвол дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонид.
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, дар солҳои охир новобаста аз таъсироти офатҳои табиӣ ва омилҳои бўҳронӣ дар сатҳи зарурии устувор қарор дошта, ба ҳисоби миёна 18 - 21% маҷмўи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Бо вуҷуди ин то ҳол масъалаҳои муҳими сиёсати аграрӣ, аз ҷумла номуайянии шаклҳои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, ки дар бахши иқтисодӣ муҳиманд, то ҳол ҳали пурраи худро наёфтаанд.
Низоми сусти бонкӣ, сохтори ба қадри кофӣ рушднаёфтаи таъминоти моддию техникии кишоварзӣ, мавҷуд набудани механизми пешниҳоди субсидияҳо ба истеҳсолоти кишоварзӣ, низоми нави ҷойгиркунонии фармоишот (баробарвазнии пешниҳодоту талабот) ба ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, набудани инфрасохтори кофии маркетинги кишоварзӣ ва номукаммалии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ рушди босуръати бахши кишоварзиро таъмин карда натавонист. Махсусан, таҳия ва такмили низоми маркетинги бозори кишоварзӣ, ҷадвали (тарификатсияи) воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва системаи стандартҳо доир ба истеҳсолот ва дараҷаи амнияти молҳои кишоварзӣ зарур буд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади баланд бардоштани истеҳсолоти кишоварзӣ Барномаи «Ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» қабул гардид.
Ин Барнома ҷиҳати муайян кардани самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини соҳаи кишоварзии сердаромад ва тамоили содиротидошта пешбинӣ шудааст, ки ин аз вазифаҳои умумии баланд бардоштани дараҷаи некўаҳволии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ барои ноил гаштан ба амнияти озуқавории давлат ва таҳкими мавқеи он дар тақсимоти минтақавии меҳнат бармеояд.
Барномаи мазкур дар заминаи ҳуҷҷатҳои стратегии дар ҷумҳурӣ қабулшуда асос меёбад. Чунончи, барнома тағйироти куллии солҳои охир дар сиёсати макроиқтисодӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии бахши кишоварзӣ рӯйдода, пурзўршавии таъсири равандҳои дар бозори ҷаҳонӣ ба вуҷудомада, инчунин вазъияти дар иқтисодиёти мамлакат вобаста ба бўҳрони молиявию иқтисодӣ ба амаломадаро ба назар мегирад. Ҳамаи ин зарурати баҳодиҳии имкониятҳои соҳаи кишоварзиро муайян намуда, мақсаду вазифаҳо ва самтҳои сиёсати аграрии ояндаи нисбатан дарозмўҳлатро аниқ карда, роҳу усулҳои илман асосноки рафъи нуқтаҳои алоҳидаи онро ташаккул медиҳад.
Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба якчанд принсип, ба монанди таъмини ҳуқуқҳои истифодабарии замину об, таъмини «озодии интихоби зироатҳои парваришшаванда» ва таъмини танзими бозор, таҳвили одилона ва устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва хизматрасониҳо асос меёбад. Дар асоси ин принсипҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) зарур аст, ки ба маблағгузорӣ ва қарзҳо дастрасӣ дошта бошанд. Барнома ният дорад, ки ин душвориҳо хотима бахшад. Як қатор ташкилотҳои ғайридавлатӣ системаҳои ҷамъиятии қарздиҳиро (ташкилотҳои қарздиҳии хурдро) таъсис додаанд, ки фаъолияти самарабахш доранд ва онҳоро ба сифати таҷрибаи пешқадам мисол овардан мумкин аст.
Барномаи мазкур вусъатёбии дастрасии хоҷагиҳои деҳқониро (фермериро) ба майдонҳои бештари заминҳои кишт пешбинӣ намуда, ба ҳамин васила иқтидорҳои истеҳсолиро афзуда, вазъи молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва кафолати сармоягузориҳоро аз ҳисоби буҷети давлатӣ устувортар мегардонад. Ҳамчунин ин Барнома ба ҳалли мушкилот бобати норасоии воситаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ва нокифоягии хизматрасониҳои зарурӣ равона гардидааст. Дастрасӣ ба тухмии хушсифат, нурию заҳрхимикатҳои асосӣ, инчунин ба хизматрасониҳои бойторӣ ва хадамоти интишори донишҳои кишоварзӣ (муҳофизати растанӣ, мубориза бо зараррасонҳо ва бемориҳо) аз ҷониби бахши хусусӣ таъмин карда мешавад, давлат бошад, дастуру қоидаҳои дахлдори бозориро муқаррар намуда, масъулияти назорати сифатро ба зиммаи худ мегирад.
Дар давоми солҳои 2012-2019 аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҳамагӣ 207 миллион сомонӣ ва бо ҷалби сармоягузории давлатии хориҷӣ 840 миллион сомонӣ равона гардид. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти марбута оид ба татбиқи тадбирҳои мақсадноки Барнома дар соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2012 9,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Аз рӯи нишондодҳо бармеояд, ки ҳоло ҳам иқтидорҳои агросаноатии кишвар баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ пурра истифода нагардида истодааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар оянда низ, ҷиҳати татбиқи босамари Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тадбирҳои мушаххас андешида, аз ҳамаи имкониятҳо пурсамар истифода мебарад.
Дар якҷоягӣ бо шарикони рушд барои татбиқи "Барномаи ислоҳоти аграрии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020." 6 гурўҳи корӣ ташкил карда шуд, аз ҷумла ислоҳоти аграрӣ, ислоҳоти замин, ислоҳоти соҳаи об, таҳияи абзори нави маблағгузории соҳаи кишоварзӣ, низоми идоракунии хоҷагии қишлоқ ва гурӯҳҳо барои таҳияи барномаи иҷтимоӣ барои минтақаҳои деҳот.
Оғози соли 2014 бо мусоидати Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) татбиқи лоиҳаи «Шартҳои чорчӯбавӣ ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» оғоз ёфт. Барои татбиқи ин лоиҳа вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд. Агентии омор низ барои татбиқи ҷузъи лоиҳа оид ба тартиб додани Матритсаи ҳисобҳои иҷтимоӣ ҷалб гардид. Ин лоиҳа ба сифати воситаи мувозин нигоҳ доштани ҳисоби Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) бо усули истеҳсолию хароҷотӣ истифода бурда мешавад. Ба ғайр аз ин, таснифи истеҳсол ва истеъмол аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ва намудҳои маҳсулот (хизматрасонӣ) низ ҷузъи ин лоиҳа ба ҳисоб мерафт.
Кишоварзӣ, чорводорӣ. Имкониятҳои ҳамкорӣ бо Олмон
Зиёда аз 33.000 гектар замин, ки қаблан барои кишти зироатҳо истифода мешуданд, ҳоло бинобар тағирёбии иқлим аз истифода мондаанд. Тоҷикистон дорои потенсиали азхудкунии зиёда аз 800.000 га замин барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Мавҷудияти солона 300 рӯзҳои офтобӣ ба кишвар имкон медиҳад, ки дар баробари таъмини ниёзҳои худ, инчунин ба яке аз содиркунандагони муҳими озуқаворӣ дар минтақа табдил гардад. Азхудкунии ин захираҳо ба дастгириҳои бузурги молиявӣ ва истифодаи технологияҳои наву муосир ниёз дорад. Истифодаи энергияи офтобӣ ва насосҳои муосир метавонист обёрии 800.000 гектар замини хушкшударо дубора эҳё кунад. Ин барои кафолати худтаъминкунӣ бо озуқаворӣ ва бо ҳамин тарз ноил шудан ба иваз намудани воридот кофӣ мебошад.
Чорвои хушзот ва говҳои ҳолштайнӣ аз Бавария ва Шлезвиг-Ҳолштейн-и Олмон намудҳои махсусан фоиданоки ҳайвонот дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Татбиқи якчанд лоиҳаҳои озмоишӣ дар солҳои охир ба пайдоиши хоҷагиҳои калони кишоварзӣ оварда расонд, ки бо истифодаи ин зотҳои чорвои калони шохдор ба нархи маҳсулоти ширӣ таъсири мусбӣ расонида шуда аст. Бахши хусусӣ ҳоло ҳам ба ворид кардани чорвои калони шохдор аз Олмон ниёз дорад.
Таъсиси корхонаҳои муштарак барои тамоми минтақа муфид хоҳанд буд. Тоҷикистон дар як сол то ним миллион тонна пахта тавлид мекунад. Аммо танҳо 15% пахта дар кишвар коркард карда мешавад. Коркарди пахта ва таъсиси корхонаҳои муштараки бофандагӣ бегуфтугӯ самти дигари ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Олмону Лаҳистон ва дигар кишварҳои Аврупо буда метавонад.
Сафорати Тоҷикистон
Берлин, августи соли 2020