Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

19.03.2020 10:02

furugi-subho-donoi_thumb.jpg   Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

  Озмун ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

Фарзандони ҳамватанони муқими кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Олмон метавонанд дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок намоянд.   Муфассал ба ин ҷо ангушт занед.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg