Имрӯз, 30-юми март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Раисҷумҳур ба роҳбарияти вазоратҳо ва сохторҳои зертобеъи он супориш дод, ки тавассути ВАО корҳои тарғибу ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла, риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр намоянд.
Дастур дода шуд, ки барои тарбияи мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, дар беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хоб, бунёди марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак тезонида шавад.