Тоҷикистон мехоҳад ниқобҳои муҳофизатии худиро истеҳсол кунад

01.04.2020 12:06

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ҷаҳон мебошад, ки дар он то имрӯз хушбахтона ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси Covid-2019 ошкор нашудааст. Новобаста аз ин Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани ин вазъият ва ҳифзи аҳолӣ аз ҳамагирии эҳтимолии Коронавирус чораҳои мушаххасро андешида истодааст.

Истеҳсоли маводҳои тиббӣ ва воридсозии таҷҳизоти техникии тиббӣ дар ҷаласаи дирузаи Ҳукумати ҶТ низ яке аз мавзуҳои асосӣ ба хисоб мерафт.

Ширкатҳои ватание, ки то имрӯз ба  истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буданд, ба нақша гирифтаанд, ки истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатӣ ва сарулибоси тиббиро аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монанд.

Ширкати “Фарм Текс” дирӯз эълон кард, ки ба истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатии хушсифат оғоз мекунад. Ширкати “Фарм Текс” қудрати истеҳсоли рӯзона то 25 ҳазор дона ниқобҳои муҳофизатиро аз пахтаи органикӣ ва матоъҳои баландсифат доро мебошад. «Афзалияти маҳсулоти мо дар он аст, ки онҳо барои истифодаи яккарата пешбинӣ нашудаанд. Баъди боэҳтиёт шустанашон онҳоро метавон дубора истифода бурд, чунки қобилияти муҳофизатии худро гум намекунанд», изҳор кард намояндаи “Фарм Текс”.

canva-photo-editor.png

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg